Ссылки доступа

Тирандозӣ дар як қисми ҳарбии Қирғизистон як кушта ба ҷой гузошт


Дар Қирғизистон дар қисми низомие як хизматчии ҳарбии Горди миллӣ парронда ва як нафари дигар бо захми тир ба беморхона оварда шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ситоди кулли Нерӯҳои низомии Қирғизистон.

Ҳодиса субҳи имрӯз дар ҳудуди қисми низомии 714 рух додааст.

Ба иттилои додситони кулли Қирғизистон, аскари навбатдори қисми низомӣ боздошт шудааст. Ин низомӣ гуфтааст, дар посух ба тиркушоии ҳамхизматонаш тирпарронӣ кардааст. Муфаттишони додситонии низомӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG