Ссылки доступа

Дар Туркия филмбардори ҷинояткориҳои ДИ кушта шуд


Рӯзноманигори суриягӣ ва фаъоли шаҳрвандӣ Наҷӣ Ҷерф, ки чанде пеш дар бораи ҷиноятҳои тундгароёни гуруҳи «Давлати исломӣ» филми мустанад ба навор гирифта буд, дирӯз дар Туркия кушта шуд.

Тавре дар шабакаи иҷтимоии Твиттер гуруҳи эҷодие, ки рӯзноманигор бо онҳо кор мекард, хабар медиҳад, Ҷерф дирӯз дар шаҳри Газиантеппа бо истифода аз туфангча кушта шудааст.

Филми мустанаде, ки Ҷерф чанде пеш аз маргаш ба навор гирифта буд, дар бораи ҷинояткориҳои ҷангҷӯёни ДИ дар шаҳри Ҳалаби Сурия қисса мекунад. Ҷерф ҳамчунин ба ҳайси сармуҳаррири моҳномаи Hentah, ки дар Сурия паҳн мегардад, фаъолият дошт. Ба иттилои наздикони Ҷерф, ин рӯзноманигори филмсоз мебоист ҳафтаи ҷорӣ ҳамроҳ бо хонаводааш ба Порис мерафт ва дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дарёфт мекард.

Ин бори аввал нест, ки монеасозони ДИ дар Туркия кушта мешаванд. Пештар аз ин ДИ масъулияти куштори фаъоли ҷамъиятии Сурияро, ки моҳи октябр дар шаҳри Шанлиурфи Туркия ба қатл расид, ба гардан гирифта буд.

XS
SM
MD
LG