Ссылки доступа

Дар Чин қонуни мубориза бо терроризм қабул шуд


Парлумони Чин қонуни нави мубориза бо терроризмро қабул кард. Ин қонун ширкатҳои хориҷиро вазифадор мекунад, ки иттилои махфиро дар ихтиёри ҳукумат гузоранд ва ба низомиҳо иҷоза медиҳад, то дар хориҷи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳанд.

Ин қонун ҳамчунин ҳуқуқи расонаҳоро ба пахши ҷузъиёти амалҳои террористӣ манъ мекунад. Дар он пахши иттилое, ки метавонанд боиси “пайравӣ” аз фаъолиятҳои террористӣ шавад, манъ гашта, ҳамчунин нишон надодани “наворҳои ғайриинсонӣ ва сангинро” тавсия мешавад.

Ин қонун 1 январ мавриди иҷро қарор мегирад. Ҳанӯз ҳангоми таҳияаш ин тарҳ дар Ғарб мавриди интиқод қарор гирифта буд. Бахусус дар мавриди амнияти электронӣ. Президенти ИМА Барак Обама ва Департаменти давлатӣ ошкоро зидди бандҳое шуданд, ки ширкатҳои хориҷиро вазифадор мекунанд калиди хабарҳои махфиро бар ивази ҳаққи кор кардан дар кишварро дар ихтиёри ҳукумати Чин гузоранд. Мақомоти ғарбӣ ба ин назаранд, ки ин қонун ба озодии инсон ва озодии сухан мухолифат дорад ва ба саркӯби дигарандешон дар Чин замина мегузорад.

XS
SM
MD
LG