Ссылки доступа

Боку ба Душанбе кумаки башардӯстона мефиристад


Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳукуматаш дастур дод, ки дар посух ба муроҷиати Душанбе дар бораи расонидани кумак ба осебдидагони зилзила дар вилояти Бадахшон кумаки башардӯстона фиристад.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, маблағи ин кумак, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, 800 ҳазор манат – баробар ба 500 ҳазор доллар мешавад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии “Вестник Кавказа” заминҷунбии шадид дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон боиси харобиҳои зиёде гардид.

XS
SM
MD
LG