Ба сабабе, ки низомиёни украинӣ берун аз қаламрави Коминтерново қарор доранд, танҳо ҷудоихоҳон метавонистанд тирпарронӣ кунанд.
Якҷо бо нозирони САҲА, ки мавриди тирпарронӣ қарор гирифтанд, намояндаи вазорати мудофиаи «Ҷумҳурии мардумии Донетски» худхонда Эдуард Басурин қарор дошт. Дар ин ҳодиса ҳеҷ касе осеб надид ва Басурин гуфт, ки ин тирпаррониро низомиёни украинӣ анҷом доданд. Киев ин хабарро рад карда, онро иғво номид.
Пештар Ситоди кулли Украина хабар дода буд, ки Коминтерново таҳти назорати ҷудоихоҳон аст. Ин шаҳрак дар минтақаи ҳоили ҷонибҳои даргир воқеъ аст. Ба иттилои низомиёни украинӣ, ҷангиёни ҷудоихоҳони ҶМД дар шаҳрак камингоҳҳо дуруст карда, дар роҳҳои расидан ба онҳо мина гузоштаанд.