Ссылки доступа

Дар Москва донишҷӯи сармоягузори ДИ-ро суд мекунанд


Дар додгоҳи минтақавии низомии Москва рӯзи душанбе муҳокимаи парвандаи донишҷӯи 24-сола Саида Халикова шурӯъ мешавад. Ӯро дар ҳамкорӣ ва сармоягузории гурӯҳи террористии дар Русия мамнӯи «Давлати исломӣ» айбдор медонанд.

Таҳқиқот собит кардааст, ки донишҷӯи Академияи тиббии Астрахан 43 ҳазор рублро ба суратҳисобе гузаронидааст, ки соҳибаш ДИ мебошад. Ҳимоятгарони Халикова даъво доранд, ки духтарак намедонист ин пул барои кадом ҳадафе сарф мешавад. Вай ин маблағро аз фурӯши собун ба даст оварда, онро ба суроғае, ки шиносаш Даря Итсанкова додааст, ирсол мекунад. Ба гуфтаи вакили дифоъ Сабир Агаев, муфатташ бо ваъдаи кам кардани муҳлати зиндонаш Халиковаро розӣ кардааст, ки ҷурмро пазирад.

Модари Саида Халикова бо ирсоли номае унвонии президенти Русия Владимир Путин хостори баррасии одилонаи ин қазия шудааст. Вай ба Путин навиштааст, ки духтарашро маҷбур кардаанд ба гуноҳи накардааш иқрор шаваду чунин баёнотро имзо кунад.

XS
SM
MD
LG