Ссылки доступа

Дар Арабистони Саудӣ се қазоқистонӣ боздошт шуданд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон аз боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони боздоштшудаи Қазоқистон дар талоши пайвастан ба созмонҳои ифротгаро айбдор мешаванд.

«Дар ҳоли ҳозир мо дар бораи бораи боздошти се шаҳрванди Қазоқистон дар шаҳри Мадина хабар пайдо кардем. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаанд», – менависад хабаргузории “Новости-Казахстан” бо истинод ба сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба рӯзномаи саудии Al-Jazeera аз боздошти панҷ шаҳрванди кишвар хабар дода буданд. Феълан сафорати Қазоқистон дар Арабистони Саудӣ сабаби боздошти онҳоро дақиқ мекунад. Ба гуфтаи Жайнаков, дар бораи боздошти боз ду шаҳрванди Қазоқистон аз мақомоти саудӣ то ҳол хабари расмие нарасидааст.

XS
SM
MD
LG