Ссылки доступа

Зарари соҳибкорони қазоқ аз роҳбандиҳои Русия


Ба иттилои Иттифоқи байналмилалии боркашонҳои автомобилии Қазоқистон, ҳафт мошини боркаши ҳомили молҳои туркӣ, ки ба Қазоқистон ҳаракат доштанд, ҳанӯз дар марзи Русия дармондаанд. Мақомот мегӯянд, “кафолате нест, ки ин ҳодиса такрор нашаванд”.

Дар маҷмуъ аз 24 ноябр 70 мошини боркаши қазоқистонӣ, ки аз Туркия ба Қазоқистон ҳаракат мекарданд, натавонистанд иҷозаи убури марзи Русияро пайдо кунанд. Соҳибкорони қазоқ мегӯянд, барои ҳар мошини дармонда то 1000 доллар зарар мебинанд.

Ин мушкилӣ баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои Русия алайҳи Туркия пайдо шуд. Русия дар посух ба ҳавопаймои низомии Су-24, ки 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои Туркия сарнагун шуд, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кард. Анкара мегӯяд, ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркия рахна карда буд. Кремл ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG