ВКД 28 декабр хабар дод, ки боздошт охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст. Мутахассиси бемориҳои занона дар Исфара бо гумони гирифтани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ (муодили 450 доллари ИМА) барои барқарории пардаи бакорати сокини 20-сола боздошт шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бокирагӣ дар ҷомеаи суннатии тоҷик барои арӯсон хеле муҳим аст. Бино бар омори расмӣ, дар соли гузашта ба маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ аз шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ барои ташхиси бакорат наздики 600 муроҷиат ворид шудааст.