Вазири амрикоӣ аз ҳукумати Ироқ даъват кард, ки ин имкониятро барои ҳифзи сулҳ дар Рамодӣ истифода бурда, аз бозгашти ҷангҷӯёни ДИ ва дигар гуруҳҳои тундгаро пешгирӣ намояд ва шароитро барои баргаштани сокинони осоиштаи шаҳр муҳаё созад.
Дар як барномаи телевизиони давлатии Ироқ барафрохтани парчами давлатии Ироқ дар болои бинои асосии ҳукуматӣ ва гузари низомиёни давлатӣ дар кӯчаҳои шаҳр намоиш дода шуд. Рамодӣ, ки бештари мусалмонони ин шаҳр суннимазҳаб ҳастанд, аз сӯи ДИ моҳи май тасарруф шуда буд.
Сардори амалиёти ҳарбӣ дар вилояти Анбар Исмоил ал-Малавӣ гуфт, ҳанӯз ҳам қисме аз мавзеъҳои шаҳр зери назорати ҷангҷӯён аст. «Нерӯҳои давлатӣ танҳо ба маҷмааи давлатӣ ворид шуданд. Мо наметавонем бигӯем, ки Рамодӣ ба куллӣ озод шудааст. Мавзеъҳое, ки дар назорати ҷангҷӯён ҳастанд, то кунун муқовимат нишон медиҳанд», - гуфтааст Исмоил ал-Малавӣ ба хабаргузории Associated Press.