Хабар дода мешавад, ҷонибдорони ДИ ин 30 наврасро, ки бештар аз 16 сол надоштанд, аз байн бурдаанд. Ин наврасон ба он айбдор мешуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои ироқӣ ба Рамодӣ аз шаҳр фирор кардаанд. Гуруҳи наврасон, ки нахостанд биҷанганд ва аз Рамодӣ фирор карданд, ба шаҳри Мавсул оварда шуданд.
Аъзои Шӯрои вилоят гуфт, «ҳамаи 30 наврас дар мазҳари ом дар майдони марказии ноҳияи Эл-Кияр дар қисмати ҷанубии Мавсул кушта шуданд».
Нерӯҳои ироқӣ назорати шаҳри Рамодиро комилан ба даст гирифтанд, хабар медиҳад шабакаи Си-Эн-Эн бо такя ба ҳукумати Ироқ.
Бо пуштибонии зарбаҳои ҳавоии эътилоф ба раҳбарии ИМА, нерӯҳои ироқӣ 22 декабр вориди маркази Рамодӣ шуда, талош карданд шаҳрро дар тасарруфи худ дароранд.