Ссылки доступа

Сарбози қирғиз, ки ба ҳамхидматонаш тир парронд, боздошт шуд


Сарбози Гвардияи миллии Қирғизистон Аскар Мейкин уулу, ки ба сӯи ду ҳамхидматаш тирпарронӣ кард, боздошт шудааст. Дар ин бора ба «Азаттик» намояндаи расмии Додситонии кулли Қирғизистон Нурлан Тагаев хабар дод.

Вай ёдовар шуд, ки субҳи 28 декабр дар қисми низомии №714 (воҳиди махсуси «Пантера») Гвардияи миллӣ посбон ба ду ҳамхидматаш тир парронд. Як нафар аз онҳо кушта шуду дувумӣ дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст. Аз рӯи ин ҳодиса Додситонии низомӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

«Парванда тибқи моддаҳои «Қатл», «Сӯистифода аз мақоми хидматӣ», «Берун баромадан аз ваколатҳои хидматӣ» ва «Саҳлангорӣ» боз шудааст. Гуруҳи бозрасони Додситонии низомӣ таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ кардаанд», - гуфт Тагаев.

Ба гуфтаи раҳбари раёсати корҳои тарбиявии Гвардияи миллӣ Таалай Мирзабаев, ин ҳодиса соати чаҳори субҳ рух додааст. Вай зикр кард, ки посбон водор шудааст тир парронад. Ҳоло ҷузъиёти ин ҳодиса дақиқ мешавад.

«Ду сержанте, ки дар қисми низомии №714 хидмат мекарданд, ба посбони мусаллаҳ ҳамла карданд. Вай водор шудааст, ки тир парронад. Дар ин ҳодиса сержант Азамат уулу Асилбек соати 7 субҳ дар бемористони №4 шаҳрӣ ҷон бохт. Низомии дувум, ки се ҷароҳати тир бардоштааст, ҷарроҳӣ шуд. Ду тирро духтурон аз ҷисмаш берун карданд. Ҳоло вай дар бахши эҳё қарор дорад. Мо наметавонем бигӯем ки ин ҳодиса чӣ тавр ва ба кадом сабаб рух додааст», - гуфт Мирзабаев.

XS
SM
MD
LG