Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сохтмони бузургтарин зиндони ИДМ ба таъхир афтод


Расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд, ки ба сабаби камбуди маблағ сохтмони зиндон дар ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд ба таъхир афтодааст. Интизор мерафт, ки ин зиндони иборат аз нӯҳ бахш бузургтарин зиндон дар ИДМ ва дорои шароити талаботи байналмиллаӣ шавад.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи СММ бахшида ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон, намояндагони ҳайати ин кишвар бо фахр аз сохтмони боздоштгоҳи нав, ки ҷавобгӯи талаботи байналмиллалӣ мешавад, хабар доданд.

Он замон намояндаи Раёсати иҷрои ҷазои Ӯзбекистон, ки низ дар ин ҷаласа ширкат дошт, таъкид кард, ки маҷмаи ситорашакл имкон медиҳад утоқҳои зиндон аз ҳама самт рӯшан шаванд.

Ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии радиои «Озодӣ», ки ба унвони духтур дар яке аз зиндонҳои вилояти Тошканд кор мекунад, қарор буд ба боздоштгоҳи нав зиндони махсуси №18, ки дар миёни мардум бо номи «Сангород» маъруф аст ва боздоштгоҳи №1, ки аз он ҳамчун «Таштюрма» ном бурда мешавад, кӯч дода шаванд.

Дар маҷмӯъ дар Ӯзбекистон 52 муассисаи иҷрои ҷазо вуҷуд дорад. Боздоштгоҳи №1, ки дар миёни мардум онро «Таштюрма» меноманд, дорои шароити бадтарин барои зиндониён дониста мешавад.

Сомонаи zona.uz навишта буд, ки бештар аз дигарон зиндониёне ранҷ мекашиданд, ки дар табақаҳои болоӣ дар утоқҳои сахт рӯшан нигаҳбонӣ мешуданд. Баъзеи онҳо аз сабаби камбуди ҳаво ва офтоби баланд нафасгир мешуданд. Зеро боми ин зиндон бо тунука рӯпӯш шуда буд.

То ҳол иттилое дар бораи миқдори дақиқи зиндониён дар зиндонҳои Ӯзбекистон эълон нашудааст. Дар соли 2013 раиси Додгоҳи олии онвақтаи Ӯзбекистон Бӯритош Мустафоев гуфта буд, ки ба ҳар як сад ҳазор аҳолии кишвар 166 зиндонӣ рост меояд.

XS
SM
MD
LG