Ссылки доступа

ИМА хабарҳо дар бораи қурбониёни Сурияро “нигаронкунанда” медонад


Иёлоти Муттаҳида раванди «ошкор ва нигаронкунандаи» афзоиши шумораи қурбониёнро дар миёни аҳолии осоиштаи Сурия мушоҳида мекунад.

Ин нигаронӣ ба амалиёти низомии ҳавоии Русия дар Сурия марбут аст, ки 30 сентябр шурӯъ шуд. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров матраҳ кардааст. Дар ин бора Департаменти давлатӣ рӯзи сешанбе хабар дод.

Сухангӯи Департаменти давлатӣ Марк Тонер гуфт, ки гурӯҳҳои ғайриҳукуматӣ «гузориши ниҳоят нигаронкунандаеро» пахш кардаанд. Дар ин гузориш гуфта шудааст, зарбаҳои ҳавоии русӣ садҳо сокинони осоиштаро куштаанд, ки дар миёни онҳо кормандони ниҳодҳои наҷот ва изтирорӣ ҳастанд ва ба муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва бозорҳо зарари калон расонида шудааст.

«Мо афзоиши назарраси гузоришҳо дар бораи қурбониён дар миёни аҳолии осоишта баъд аз оғози амалиёти ҳавоии Русияро мушоҳида мекунем», - гуфт Тонер.

Русия иттиҳоми бомборони аҳолии осоиштаи Сурияро рад мекунад. Сарфармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия Виктор Бондарев рӯзи якшанбе гуфт, ки аз оғози амалиёт дар Сурия низомиёни рус “боре ҳам хато накарданд” ва ба “муассисаҳои мамнӯъ” – мактабҳо, бемористонҳо ва масҷидҳо “зарбаҳо назадаанд”.

Пештар созмони байналмиллалии ҳуқуқи инсони Amnesty International гузоришеро пахш карда буд, ки тибқи он дар зарбаҳои ҳавоии русӣ дар Сурия дар моҳҳои сентябр-ноябр 200 сокини осоишта ва танҳо чанд ҷангӣ кушта шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин ҳамлаҳо дорои нишонаҳои вайрон кардани ҳуқуқи байналмиллалии башарият мебошанд. Пеш аз ин созмони дигари ҳуқуқи инсони Human Rights Watch Русияро дар ҳамин ҷиноят айбдор карда буд.

XS
SM
MD
LG