Ссылки доступа

Нотаи ВКХ Тоҷикистон ба сафири Эрон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шаби 29 декабр бо изҳороте тариқи расонаҳо муроҷиат кард. Дар изҳорот омадааст, ки сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ба ВКХ эҳзор шудааст.

Вазорат мегӯяд, зимни дидор бо сафир Конфронси байналхалқии ваҳдати иломиро, ки 27 декабр дар Теҳрон баргузор шуд, баррасӣ кардаанд. Дар поёни дидор ба сафири Эрон нотаи эътирозии вазорати хориҷаи Тоҷикистон дода шудааст.

«Вазорат бо таассуф зикр мекунад, дар Конфронс собиқ раиси ҳизби тундгарову террористии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки алайҳаш барои талоши табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва айни ҳол дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор дорад, даъват шудааст», - омадааст дар нота.

ВКХ Тоҷикистон ин рафтори созмондиҳандагони конфронсро ғайри қобили қабул номида ва гуфтааст «чунин муносибат бо мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон метавонанд ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон зиён расонанд».

XS
SM
MD
LG