Ссылки доступа

Дар Туркия 12 қирғизистонӣ «гурда наёфтанд»


Аз 50 шаҳрванди Қирғизистон, ки барои табобати ройгон ба Туркия рафта буданд, 12 нафар ҷарроҳӣ нашуданд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои вазорат, бархе аз беморон шакли фаъоли гепатити С доштанд, бархеи дигарро донорҳояшон ё ҳозир нашуданд ва ё аз ваъдаи худ даст кашиданд. Дар ҳоли ҳозир 4 қирғизистонӣ баргаштаанд ва боқимонда ба табобат идома медиҳанд.

Вазорати тандурустӣ ёдовар мешавад, ки бисёре аз қирғизистониҳо дар Туркия пайванди гурда анҷом медиҳанд.

Тибқи шартномае, ки байни ду кишвар мавҷуд аст, ҳамасола 100 қирғизистонӣ метавонанд дар Туркия табобати ройгон бигиранд. Комисияи вижа 50 бемор ва сафорати Туркия дар Қирғизистон 50 нафари дигарро интихоб мекунад.

Дар соли 2015 450 шаҳрванди Қирғизистон барои табобати ройгон муроҷиат кардаанд. Аз миёни инҳо 50 бемор интихоб шуда, боқимонда навбатпоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG