Ссылки доступа

Эътирози додситонӣ аз ҳукми зидди рӯзноманигор


Додситонии ноҳияи Олмалии шаҳри Алмато ба додгоҳи шаҳрии Алмато дар робита ба қарори додгоҳ алайҳи рӯзноманигор ва соҳиби сомонаи мухолифи Nakanune.kz Ғизол Байдалинова, ки ҳоло дар маҳбас аст, эътироз бурд.

Нусхаи эътирозро имрӯз вакили Байдалинова Инесса Кисилева дарёфт кардааст. Эътирози додситонӣ маънои онро дорад, Ғизол Байдалинова, ки ҳоло дар СИЗО-и Алмато нигаҳдорӣ мешавад, наметавонад дар ивази гарав озод шавад.

Молики сомонаи мухолифи Nakanune.kz Ғизол Байдалинова шанбеи гузашта бо қарори додгоҳи ноҳияи Олмалӣ ҳабс шуд. Вай дар муддати тафтишот, ки 2 моҳро дар бар мегирад, дар ҳабс хоҳад монд. Вале додгоҳ пештар иҷоза дода буд, ки Ғизол метавонад моликияташро дар гарав гузорад ва муҳлати тафтишро дар озодӣ пушти сар кунад.

Хонум Байдалинова 23 декабр бо гумони ҳамдастӣ дар омода кардан ва нашри мақолаҳои «фармоишӣ» дар бораи Казкоммерстбонк дар сомонаи Nakanune.kz боздошт шуд. То боздошт дар манзили Байдалинова ҷустуҷӯ анҷом шуд ва компютераш мусодира гардид.

XS
SM
MD
LG