Ин наврас якҷо бо модараш дар кӯча гаштугузор мекард. Ба гуфтаи вай, наврас бо худ шиноснома дошт, аммо набудани шаҳодатномаи таваллудаш боиси боздошт шудааст.
«Ҳодиса дар маҷмӯъ ин тавр рух додааст: навраси 14 сола ҳамроҳи модараш аз кӯчае мегузашт. Онҳоро боздоштанд. Ҳуҷҷат (шиноснома) дошт, модараш низ ҳуҷҷат дошт. Танҳо шаҳодатномаи таваллудаш набуд. Дар чаҳорчӯби амалиёти «Бесарпаноҳ» наврасро боздошт ва ба бемористон интиқол доданд. Минбаъд метанвонанд ӯро ба ниҳодҳои назоратӣ фиристанд», - гуфтааст вай ба расонаҳои русӣ.
Наврас, ки аз вай Насим ном мебаранд, дар гузашта яке аз шогирдони маркази мусоидсозӣ буд. Ҳоло вай ба бемористони кӯдакона интиқол ёфтааст. Модари наврас тавонист нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдакашро нишон диҳад, аммо нусхаи аслро натавонистааст пайдо кунад. Чун нусхаи шаҳодатнома бо мӯҳри бахши тайиди ҳуҷҷатҳо тасдиқ нашуда буд, ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки бо писараш дидор дошта бошад, гуфт Олга Николаенко.
Дар тирамоҳи соли ҷорӣ маъмурони пулис дар Петербург аз оилаи муҳоҷирони тоҷик кӯдаки панҷмоҳаи онҳо Умаралӣ Назаровро ҷудо карданд. Дертар ин кӯдак дар яке аз муассисаҳои тиббӣ, ки ба он ҷо интиқол шуда буд, ҷон бохт. Ин фоҷиа дар миёни ҷомеа вокунишҳои тундеро ба миён овард.