Тибқи ин ҳуҷҷат, барои воридоти ғайриқонунии миқдори маҳсулоти талаботи ҳамагонӣ, ки арзишаш беш аз 250 ҳазор рубл аст, аз марзҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон) пешбинӣ мешавад бо ҷарима, корҳои маҷбурӣ ва маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як сол то 12 сол ҷазо дода шавад.
Барои воридоти ҷудогонаи маҳсулоти қочоқӣ ҷаримаи то як миллион рублӣ ё маҳкумият аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол дар назар аст. Барои нафарони масъул ҷазо бояд бо маҳкумият то ҳафт соли зиндон ва ҷаримаи ба ин монанд анҷом шавад. Ба аъзои гурӯҳҳои муташаккили қочоқчиён ҷазо аз 7 то 12 сол ва ҷаримаи то ду миллион рублӣ дар назар гирифта шудааст.
Ин ислоҳи қонуни ҷазо нобудкунии маҳсулоти мусодирашударо низ дар назар гирифтааст. Тарҳи қонуни ислоҳот ба муҳокимаи умумӣ бароварда шудааст, ки то 10 март идома меёбад.