Ссылки доступа

Дар соли 2015 69 хабарнигор ҳангоми иҷрои вазифа кушта шудаанд


Дар ин бора созмони байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз», ки ба озодии кори расонаҳо талош дорад ва маҳалли мустақараш дар Порис мебошад, хабар медиҳад.

Зикр мешавад, ки бештаре аз онҳо дар кишварҳое кушта шудаанд, ки гирифтори ҷангҳои мусаллаҳона нестанд. Ин созмон ҳамчунин хабар медиҳад, ки ҷузъиёти фавти 43 хабарнигори дигар норӯшан боқӣ мондааст.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки Сурия ва Ироқ барои кори хабарнигорӣ кишварҳои аз ҳама ноамн дониста мешаванд. Дар соли ҷорӣ дар ин кишварҳо мутаносибан 10 нафар аз 11 корманди расонаҳо кушта шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи хабарнигорон, ки дар Ню-Йорк мустақар аст, дар соли 2015 зимни иҷрои вазифаҳои худ 69 корманди расонаҳо кушта шудаанд, ки 29 нафари онҳо аз дасти гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҷон бохтаанд. Дар миёни аз дасти исломгароён кушташуда ҳашт хабарнигор низ ҳастанд, ки моҳи январ зимни ҳамла ба дафтари маҷаллаи Charlie Hebdo ҷон бохтанд. Ин маҷалла танзҳоеро ба паёмбар Муҳаммад (с) нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG