Ссылки доступа

Қурби рубл дар нисбати доллар ба пойинтарин сатҳ дар сол расид


Рубли русӣ 30 декабр ба сатҳи пойинтарини худ дар нисбати доллар дар соли ҷорӣ расид. Дирӯз қурби рубл то ба 73 рубл ва 20 тин барои як доллар баробар шуд.

Соли гузашта рубл 40 дарсади арзиши худро аз даст дода буд ва ҳоло қиммати он боз 20 фоиз камтар аз баҳои соли гузаштааш шуд. Ин дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар аз оқибатҳои таҳримҳои иқтисодии ғарбӣ ва пойинравии нархи нафт азият мекашад.

Иқтисоди Русия аз таҳримҳои ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар зарари сахт дид. Нархи нафт, маҳсулоти асосии содиротии Русия феълан дар сатҳи пасттарини 11 соли ахир қарор дорад.

Вазири рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 29 декабр гуфт, ки ҳукумат аз пойин рафтани арзиши пули миллӣ чандон шигифтзада нест, аммо норӯшании вазъи он нақшагирии будҷавиро душвор сохтааст.

XS
SM
MD
LG