«Мо иқдомҳои зарурӣ ва изтирорӣ рӯйи даст гирифтаем. Бо ҳамтоён аз Қазоқистон музокирот кардем. Имрӯз ё пагоҳ дар ин масъала қарор қабул мешавад», - гуфт намояндаи ҳукумат Кубанчибек Турдубоев.
Турдубоев афзуд, ҳоло дар нерӯгоҳи Токтогул корҳои таъмирӣ идома доранд, ки тибқи иттилои муқаддамотӣ 15 январ анҷом мешаванд.
28 декабр дар нерӯгоҳи Токтогул ба сабаби резиши равған дар ноқилҳои равғандор се чарха аз кор монд. Ин нерӯгоҳ ҳамагӣ чаҳор чарха дорад. Аммо ҳоло баъд аз таъмир танҳо ду чарха барқ тавлид мекунанд.