Ссылки доступа

Донишгоҳи Назарбоев «пажӯҳишӣ» шуд


Ба Донишгоҳи Назарбоев мақоми донишгоҳи пажӯҳишӣ дода шуд.

Чунин қарорро нахуствазири кишвар Карим Масимов имзо кард, менависад хабаргузории «Казинформ». Ин қарор аз рӯзи нашри расмиаш ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

Донишгоҳи Назарбоев соли 2010 боз шудааст. Фаъолияти ин донишгоҳ таҳти назорати ҳукумат қарор дошта, бо қонунҳои алоҳида ҳимоят мешавад. Ин муассиса дорои мақоми худмухтор буда, фаъолияташро берун аз салоҳияти вазорати маориф пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG