«Таҳавуллоте, ки дар солҳои охир дар Қирғизистон рух дод шаҳодати он аст, ки кишвар бо роҳи хоси худ ба пеш ҳаракат мекунад. Имрӯз мо вазифадорем, ки ба ҳамоҳангии дастовардҳои демократияи муосир бо анъанаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мардумамон даст ёбем», - омадааст дар матни фармони Отамбоев.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки нерӯи асоси ҳаракатдиҳандаи пешрафт инсон аст ва дар пешрафти дарозмуддат бояд ба рушди инсонӣ сармоягузорӣ шавад. Аз ин рӯ тақвияти минбаъдаи иқтисоди Қирғизистон аз чанд ҷиҳат ба рушди фарҳанг ва маънавиёт дар кишвар вобастааст.