Ба ин рӯйхат сохтмон, лоиҳакашии меъморӣ, фаъолияти сайёҳӣ, ҳамчунин корҳои таъминсозии эҳтиёҷоти давлатӣ ва коркарди чӯбу тахта шомил мешаванд.
Ин ҳуҷҷат дар сомонаи ҳукумат интишор шудааст. Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, мамнуъият ба он ширкатҳои туркие, ки то 30 декабр шартнома бастаанд, дахлт намекунад.
Муносибатҳои Русияву Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24 русӣ аз сӯи ҳавопаймои низомии Туркия дар охири моҳи ноябр, бад шуд. Русия алайҳи Туркия таҳримҳои иқтисодӣ эълон кард.