Алии Хоманаӣ 29 декабр дар ҳошияи ҳамоиши «Ваҳдати исломӣ» бо Муҳиддин Кабирӣ мулоқоти кутоҳе дошт. Дар хабари ИРНО ҷузъиёти мулоқот зикр нашудааст, вале дар аксе, ки хабаргузории «Форс» нашр кард, лаҳзаи дастфишории Хоманаӣ бо Кабирӣ дида мешавад.
Хабаргузории нимарасмии “Форс”, ки расонаи наздик ба «Сипоҳи посдорони инқилоб» номида мешавад, хабар дод, ки Кабирӣ солҳои пеш ба таври озод дар анҷумани "Ваҳдати исломӣ" ширкат мекард, имсол ба далели манъи фаъолияти ҳизбаш ба унвони “меҳмони вижа” ба ин ҳамоиш даъват шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 29 декабр ба сафири Эрон дар Тоҷикистон дар робита ба даъвати Кабирӣ ба ин ҳамоиш нотаи эътирозӣ дод.