Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пулис манзили тундгароёнро кофтуков кард


Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон кормандони пулис ва мақомоти махсус дар манзили 11 фаъоли созмони динии тундгарои “Ҳизби Таҳрир” кофтуков анҷом доданд.

Дар ин бора маркази матбуоти ВКД-и Қирғизистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи кофтуков варақаҳо, китобҳо, дискҳо, флэш-кортҳои дорои иттилои тундгароёна ва маводи мухаддир пайдо шудааст. Пулис мегӯяд, ин кофтуковҳо бо ҳадафи пешгирии таблиғоти диниву тундгароӣ доир мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар вилояти Ҷалолобод наздики 500 сокин ҳамчун аъзои созмонҳои динии тундгаро дар қайди пулис ҳастанд.

XS
SM
MD
LG