Нерӯҳои туркӣ дар шимоли Ироқ низомиёни ироқиро барои мубориза бо “Давлати исломӣ” тамрин медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ ҳушдор дод, ки барои рафъи “ҳуҷуми нерӯҳои туркӣ” ҳукумати вай омода аст даст ба амалиёти низомӣ занад.
Дар ибтидои моҳи декабр Анкара бо баҳонаи ин ки дар минтақаи пойгоҳи Башик вазъ тезутунд шудааст, ба Ироқ 150 низомӣ фиристод. Баъдан Туркия қисме аз ин низомиёнро бозхонд ва ваъда кард, ки берунории низомиёнро идома медиҳад, вале гуфт, ҳамаи нерӯҳояшро аз Ироқ берун нахоҳад бурд.