Ссылки доступа

Дар Москва пулис фарзанди шаҳрванди Тоҷикистонро баргардонд


Фарзанди шаҳрванди Тоҷикистон, ки пулиси Москва бо зур аз модараш ҷудо карда буд, баргардонида шуд.

Иттилоъ дар бораи боздошти Насимҷон Раҳмоновро мудири Маркази мутобиқшавӣ ва таълимии гурезагон Олга Николаенко паҳн кард. Намояндагони Марказ ба Консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карданд ва ин масъала бо мусоидати сафорат ва дахолати Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Павел Астахов ҳал шуд.

Дар моҳи октябри соли 2015 марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаров, ки ҳангоми рейди Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Санкт-Петербург аз модараш ҷудо карда шуд, сару садои зиёде ба бор овард.

XS
SM
MD
LG