Ссылки доступа

Рӯ овардани аксари русиягиҳо ба молҳои арзонтар


Аз чаҳор се ҳиссаи муштариҳои мағозаҳои Русия молро дар навбати аввал аз рӯйи нархаш интихоб мекунанд.

Нисфи дигари муштариҳо молҳои арзоншударо меҷӯянд. Ин натиҷагириҳо дар як пажӯҳиши Sberbank CIB зери унвони “Шохиси истеъмолии Иванов” нашр шудаанд.

Саҳми русиягиҳое, ки ба истеъмоли маҳсулоти арзон пардохтаанд, ба 70 дарсад расид, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аст, мегӯянд муаллифони таҳқиқот. Ба гуфтаи онҳо, сарфи назар аз пойинравии қурби рубли русӣ шаҳрвандони он кишвар ба мисли моҳи декабри соли гузашта маҳсулот захира накарданд ва молҳои ғайриистеъмолӣ нахаридаанд.

Тибқи маълумотҳои Росстат, дар моҳи ноябр гардиши тиҷорати чакана 13 дарсад кам шудааст, ки ин бадтарин нишондоди 20 соли ахир аст.

XS
SM
MD
LG