Ссылки доступа

ДИ масъулияти ҳамла ба пойгоҳ дар Ироқро ба зимма гирифт


Зимни ҳамла ба пойгоҳи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дар наздикии шаҳри Тикрит дастикам 15 низомӣ кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин ҳамларо панҷ маргталаб анҷом доданд. Ба иттилои идораи амнияти Ироқ, ду нафар аз маргталабон мошини бо маводи тарканда муҷаҳҳазро дар назди дарвозаи пойгоҳи Camp Speicher мунфаҷир сохтаанд. Дар гузашта ин пойгоҳро нерӯҳои мусаллаҳи ИМА истифода мекарданд ва ҳоло дар он ҷо тамрини пулиси ироқӣ дар ҷараён аст. Се ҳамлагари дигар баъди ворид шудан ба пайгоҳ маводи таркандаро фаъол сохтанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора дар баёноте гуфта шудааст, ки аз сӯйи ҷонибдорони ин гурӯҳ дар шабакаи интернетӣ нашр гардид.

Чанд рӯз пеш мақомоти ироқӣ аз озод шудани шаҳри Рамодӣ , ки онро исломгароён тобистони соли 2015 тасарруф карда буданд, хабар доданд. Дар солҳои ахир ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бахши қобили мулоҳизаи қисмати шимолӣ ва ғарбии Ироқ назорати худро роҳандозӣ карданд.

XS
SM
MD
LG