"Мо шароити тиҷорати фарзандони додситони кулл ва ҳодисаҳои пештараро, ки дар онҳо зану фарзандони бархе аз раисон ба тиҷорат машғул буданд, таҳлил кардем. Мо ба ин натиҷа расидем, ки ба қонун дар бораи кори давлатӣ бояд ду ислоҳот ворид шавад", - гуфт Соловев зимни шарҳ ба хабаргузории РИА Новости.
Ба гуфтаи Соловев, ислоҳи нахустин манъи тиҷорати оилаи мақомоти баландпояеро дар назар дорад, ки бо фармони президент ва ё бо ризоияти вай аз сӯйи ниҳодҳои дигари давлатӣ таъин мешаванд. Ҳамчунин дар назар гирифта мешавад нафароне, ки тавассути талоқи дурӯғин талош мекунанд ин меъёри қонунро вайрон кунанд, бо ҷаримаи то як миллион рублӣ ва озодкунӣ аз вазифа ҷазо дода шаванд.