Ссылки доступа

Душвортарин соли иқтисодии Тоҷикистон


Иқтисоддонҳо соли 2015-ро душвортарин соли иқтисодии Тоҷикистон дар 15 соли асри 21 медонанд. Ба гуфтаи онҳо, кишварро мебояд давраи душвортареро пушти сар кунад.

Барои иқтисодиёти Тоҷикистон буҳрони солҳоои 2008-2009 дар муқоиса бо буҳрони кунунӣ камтар эҳсосшаванда буд. Ҷанбаҳои асосии буҳрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодии Русия, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, 30 дарсад коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, ҳамчунин дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфтани арзиши пахта ва алюминий иборат аст.

Ин омилҳо ҳукумати Тоҷикистонро водор карданд, ки нақшаи зиддибуҳронӣ таҳия кунад. Эҳтимол Душанбе ҳам роҳи Қазоқистон ва Озарбойҷонро пеш гирифта, сомониро озод мегузоранд. Аммо дар ҳолати озод гузоштани сомонӣ қурби он чӣ қадар хоҳад буд?

Беқурбшавии сомонӣ бевосита ба буҳрони иқтисодии Русия вобаста аст. Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 54 миллион долларро ташкил додааст. Дар соли 2014 наздики 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ба кишвар 3,8 миллиард доллар интиқол додаанд. Дар соли 2013 бошад 4,1 миллиард доллар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG