Ҳакерҳо мегӯянд, ин ҳамла “санҷиши имкониятҳояшон” будааст. Тавре Би-би-сӣ хабар медиҳад, ин гуруҳ фаъолияти афродеро, ки бо “Давлати исломӣ” робита доранд, дар интернет таъқиб мекунад. Ҳакерро сомонаҳоеро, ки ба тундгароён рабт доранд, аз интернет пок мекунанд. Ба гуфтаи намояндаи гуруҳ, онҳо аз 12 нафар – 8 мард ва 4 зан иборат ҳастанд ва аз соли 2012 ин ҷониб фаъолият мекунанд.
Қабл аз ҷашнҳои солинавӣ сомонаҳои Би-би-сӣ ва хизматрасонии iPlayer давоми чанд соат барои корбарон дастнорас буданд.