Ссылки доступа

Ҳамла ба консулгарии Ҳиндустон дар Мазори Шариф


Дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дар назди бинои консулгарии Ҳиндустон даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангҷӯён идома дорад.

Пештар дар бораи ду таркиш хабар расида буд. Ҳамла ба намояндагии дипломатӣ бегоҳи 3 январ шуруъ шуд.

Тавре намояндаи мақомоти вилояти Балхи Афғонистон хабар медиҳад, ҳамла аз сӯи нерӯҳои амниятӣ рафъ шудааст ва ҷангҷӯён дар муҳосира гирифта шудаанд. Ба камияш як сокини осоишта ҷароҳат бардоштааст. Маълумот дар бораи кушташудагон ва ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.

Сафири Ҳиндустон дар Афғонистон Амар Синха дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Твиттер» навиштааст, ки ҳамаи кормандони косулгарӣ дар ҷойи амн қарор доранд.

XS
SM
MD
LG