Ссылки доступа

Парвандаи корманди "Қумтор" ба КДАМ ирсол шуд


Додситонии шаҳри Қарокӯли Қирғизистон парвандаи корманди "Қумтор" Майкл Макфитро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар фиристод.

Дар ин бора ба бахшии қирғизии Радиои Озодӣ, раиси бахши пулиси вилояти Иссиқ-Кӯл Эмил Салиев хабар дод.

Пештар гузориш шуда буд, ки Майкл Макфит дар меҳмонхонае дар шаҳри Қаракӯл қарор дорад. Ахиран вай дар додситонӣ бозпурсӣ шуд.

Ёдовар мешавем, 31 декабр Майкл Макфит дар саҳифааш дар "Фейсбук" навиштаҷотеро нашр карда, таоми миллии қирғизиро бо ҷузъи таносули асп монанд кард.

Ин навиштаҷот боис ба нигаронӣ ва хашму ғазаби кормандони маҳаллии "Қумтор" шуд ва кормандон талаб карданд, ки ба расму русуми мардуми қирғиз арҷ гузошта шаваду раҳбарияти ширкат узрхоҳӣ кунад. Баъд аз ин ҳодиса Макфит аз кони "Қумтор", ки дар баландӣ воқеъ аст, ба поён интиқол дода шуд.

Майкл Макфит шаби 3 январ дар фурудгоҳи "Манас" боздошт ва ба Қаракӯл интиқол ёфт. Дертар Макфит барои амалҳои кардааш дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ узр хост

XS
SM
MD
LG