Ссылки доступа

Каримов вазъи хуби зиндагӣ дар соли 2016-ро ваъда дод


Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ҷараёни муроҷиати солинавӣ ба сокинони кишвараш ваъда дод, ки дар соли 2016 маош, ҳуқуқи бознишастагӣ, стипендия ва кумакпулиҳо 15 дарсад бештар мешаванд.

Ба қавли президент, дар соли нав Ӯзбекистон бояд чанд мушкилро бартараф кунад, ки дар миёни онҳо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ, ноустуворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ, муқовиматҳо ва даргириҳо дар минтақаҳои мухталиф мебошанд.

"Бо вуҷуди ин мушкилот, дурнамо ва ҳисобҳои мо, ки дар асоси нақшаҳо ҳисобида шудаанд, дар соли оянда рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7,8%, даромади воқеии ҳар сари аҳолӣ дар ҳаҷми 9,5% пешбинӣ мешавад. Харҷҳо ба бахши иҷтимоӣ дар соли 2016 дар ҳаҷми калон нисбат ба соли 2015-ро дар назар гирифта, 59,1% нисбат ба ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳанд", - зикр кард Каримов.

Дар соли 2015 суръати рушди иқтисоди Ӯзбекистон бо вуҷуди бӯҳрони афзояндаи иқтисодӣ ва молӣ, ба гуфтаи президент, ба гунаи даҳ соли пеш беш аз 8% буд ва даромадҳои аҳолӣ 9,6% бештар шуд. Ҳаҷми маош, нафақапулиҳо, идрорпулӣ ва кӯмакпулиҳо 21,9% бештар шуданд.

XS
SM
MD
LG