Дар вазорати рушди иқтисоди Украина ин маҳдудиятро “ғайришаффоф, беасос ва табъизомез” номида, Русияро дар поймолсозии уҳдадориҳояш дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат муттаҳам карданд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 1 январ фармонеро имзо кард, ки убуру мурури мошинҳои боркаши украиниро ба танзим медарорад. Дар тағйироте, ки ба ин фармон ворид шуд, зикр шудааст, содироти молҳои украинӣ ба Қазоқистон тавассути сарҳади Русия метавонад танҳо аз ҳудуди Белорус амалӣ шавад.
Аз 1 январи соли 2016, инчунин, шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Русия ва Украина қатъ карда шуд. Ин иқдоми Русия посух ба шартномаи Украина бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ номида шудааст.