Ссылки доступа

Абдилдаев: Музокирот бо Тоҷикистону Узбакистон қатъ нашудааст


Ҳукумати Қирғизистон музокиротро барои дақиқсозӣ ва мушаххас кардани марзҳояш бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъол мекунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии он кишвар Эрлан Абдилбаев дар нишасти матбуотии натиҷагирии сиёсати хориҷии кишвар дар соли 2015 эълон кард.

Бишкек дар тӯли чанд соли охир дар мавриди ҳалли мушкилоти марзӣ наметавонад бо ҳамсоягонаш ба созиш бирасад. Сабаби асосии ба дарозо кашидани ин раванд ба он марбут аст, ки ҷонибҳо харитаҳои солҳои мухталифро ҳамчун далел пеш меоранд.

Дарозии марзи давлатии Қирғизистон ва Ӯзбекистон 1 ҳазору 378 километр аст, ки аз онҳо 320 километраш баҳснок дониста мешаванд. Дарозии марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр аст, ки дар мавриди 471 километри он то ҳол тавофуқ ҳосил нашудааст.

XS
SM
MD
LG