Ссылки доступа

Маҳви ҳамлагарон ба консулгарии Ҳинд дар Балх


Мақомоти Афғонистон дар бораи анҷоми амалиёт дар назди консулгарии Ҳиндустон дар шимоли ин кишвар ва маҳви ҳамаи ҳамлакунандагон хабар доданд.

Волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур, ки раҳбарии ин амалиётро бар ӯҳда дошт, шоми 4 январ дар ин бора дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар дод. Раиси пулиси маҳаллӣ Сайид Камол Саодат низ хабари анҷоми амалиёти поксозиро тасдиқ кард, ки беш аз як шабонарӯз идома дошт. Ӯ афзуд, “дар ҷараёни ин амалиёт ҳамаи чаҳор тан ҳамлаварон кушта шуданд”.

Рӯзи якшанбеи гузашта чанд фарди мусаллаҳ талош карданд, ки ба бинои консулгарии Ҳиндустон дар Мазори Шариф ворид шаванд. Намояндаи мақомоти вилояти Балх Мунир Аҳмад Фарҳод ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин амалиёт ба камияш ду низомии афғон низ кушта шуданд.

Намояндаи бахши маҳаллии Вазорати тандурустӣ гуфт, ки се сокини осоишта ва шаш нафар низомиёни маҷрӯҳ ба бемористон интиқол шудаанд. То ҳол ҳеч яке аз гурӯҳҳо масъулияти ҳамла ба консулгарии Ҳиндустон дар Афғонистонро ба зимма нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG