Ссылки доступа

С-300. Аз Русия – ба таъмир


Русия интиқоли мушакҳои навъи С-300-ро ба Қазоқистон анҷом дод, хабар медиҳанд расонаҳо.

Вале ин навъи мушакҳо дар қатори силоҳҳои Қазоқистон мавҷуд нестанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки мушакҳо таъмир мешаванд.

Расонаҳои русиву қазоқӣ бо такя ба қавли вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз анҷоми тарҳи интиқоли ройгони маҷмӯаи мушакҳои навъи С-300 ба Қазоқистон хабар доданд. Вале дақиқ шудааст, ки маҷмӯаи мушакҳои С-300 ҳанӯз барои истифода омода нашудаанд. Се маҷмуа ҳанӯз фиристода нашудааст ва дуи дигар дар таъмир ҳастанд.

Сарфи назар аз мавҷудияти шартнома дар бораи Низоми воҳиди дифои ҳарими ҳавоии ИДМ, Русия талош дорад, ки дар самтҳои муҳим дар асоси робитаи дуҷониба системаи воҳиди дифои ҳарими ҳавоӣ бунёд кунад. Дар самти ғарб чунин системаро дар якҷоягӣ бо Белорус сохтааст. Дар ҷанубу шарқ бо Қазоқистон бунёд кардааст. Дар моҳи октябр ҳукумати Русия шартнома бо Арманистонро дар бораи бунёди системаи дифои ҳарими ҳавоӣ имзо кард. Тавре хабар дода мешавад, Русия талош дорад бо Тоҷикистон ва Қирғизистон низ чунин системаро бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG