Қарор дар бораи ихроҷи ин бритониёӣ, корманди ширкати хориҷии истихроҷи маъданҳои куҳӣ “Сентерра Голд”, аз сӯи додгоҳ шаҳрии Қарокӯл қабул гардид. Бино ба қарори додгоҳ, Макфит 5 январ бояд Қирғизистонро тарк кунад.
Макфит дар остонаи соли нав дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” зери акси ғизои миллии қирғизӣ шарҳ навишта, онро бо узви таносули асп монанд кард. Баъдан ӯ бо талаби кормандони кони тилои “Қумтор” барои ин шарҳаш узрхоҳӣ кард.