Ссылки доступа

Эрон аз анбори зеризаминии мушаки “Имод” хабар дод


Эрон дар бораи анбори зеризаминие, ки он ҷо мушаки навтарини болдор маҳфуз аст, хабар дод.

Дар бораи ин мушак қаблан ҳич маъумоте мавҷуд набуд. Расонаҳои давлатӣ иттилоъ доданд, ки маросими муаррифии иншооти зеризаминӣ бо иштироки раиси парлумон Алии Лориҷонӣ сурат гирифтааст. Дар гузориш анбори мушаки “Имод” нишон дода шудааст.

Коршиносони СММ гуфтанд, бо анҷом додани озмоиши ин навъи силоҳи таъсири радиуси миёна, Теҳрон қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро, ки партоби мушакҳои болдорро манъ мекунад, вайрон кардааст. Қасри сафеди Амрико ҳушдор дод, ки дар посух ба озмоиши “Имод” таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

5 январ котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфт, Вашингтон “нуктаҳои техникии” таҳримро такмил мекунад ва ин таҳримҳо “комилан омодаи амал” ҳастанд. Дар моҳи октябр Теҳрон дар бораи анбори дигари зеризаминӣ, ки он ҷо мушакҳо ҷойгир ҳастанд, хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG