Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафар хоҳад кард


Душанбе ва Тошканд эҳтимоли анҷоми сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар тирамоҳи соли ҷориро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора имрӯз хабаргузории Asia-Plus хабар додааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ин мавзӯъ дар ҷараёни машваратҳои сиёсие баррасӣ гардид, ки дар охири моҳи декабр дар Душанбе баргузор шуд.

"Ин сафар эҳтимолан дар нимаи аввали моҳи сентябр сурат мегирад. Ин вақт раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СҲШ, ки бояд дар Тошканд баргузор шавад, ширкат мекунад ва ин сафар низ дар чаҳорчӯби ин маросим анҷом дода мешавад", - хабар дод як манбаъ аз ҳукумати кишвар.

Ёдовар мешавем, ки 24-25 декабр дар пойтахти Тоҷикистон машваратҳои сиёсии ҳайъатҳои ВКХ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуданд.

Ин нахустин машваратҳои сиёсии миёни ду кишвар дар 23 соли ахир мебошанд.

Ба иттилои ВКХ Ӯзбекистон, ҳайатҳои ду кишвар ба раҳбарии муовинони вазири корҳои хориҷӣ мавзӯи вазъ ва дурнамои рушди робитаҳоро баррасӣ карда, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG