Ссылки доступа

Остона хостори гуфтугӯи Риёз ва Теҳрон шуд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо пахши як баёния аз афзоиши танишҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон нигаронӣ кард.

Дар ин баёния гуфта шудааст, ки дар пасманзари таҳдидҳои амниятӣ ва субот дар минтақа ва зарурати тақвияти муборизаи фаромиллӣ зидди терроризм бадшавии робитаҳои миёни ду кишвар нигаронкунанда мебошад.

Остона аз Риёз ва Теҳрон ва раҳбарияти кишварҳои дигар даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз ташаннуҷи минбаъдаи байнимазҳабӣ тадбирҳое рӯи даст гиранд ва барои барқарории музокироти сиёсии миёни кишварҳо ва робитаҳои дипломатӣ иқдом кунанд. Қазоқистон ҳамчунин аз "ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват мекунад, ки аз хатти маши хатарнок нагузаранд".

Робитаҳои миёни Теҳрон ва Риёз 2 январ баъд аз қатли як мубаллиғи саршиноси шиамазҳаб Нимр ан-Нимр ва 46 нафари дигар бо айби терроризм бад шуданд. Норозиён аз қатли шайх Нимр ан-Нимр дар Эрон ба сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва консулгарӣ дар Машҳад ҳамла карданд. Рӯзи дигар Арабистони Саудӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Баҳрайн ва Судон низ аз қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Эрон хабар доданд. Раҳбарияти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) дар бораи коҳиши робитаҳо бо Эрон тасмим гирифт. Қувайт аз бозхонди сафираш аз Эрон хабар дод.

Шӯрои Амнияти СММ аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон интиқод карда, аз ҷонибҳо даъват кард, ки музокиротро идома дода, барои коҳиши мизони ташаннуҷ дар минтақа иқдом кунанд.

XS
SM
MD
LG