Дар ин бора баъд аз чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ дар деҳаи мазкур хадамоти матбуотии ВКД Қирғизистон хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, миёни сокинони ин деҳа афроде шиносоӣ шудааст, ки қаблан барои ҷиноятҳои тундгароӣ маҳкум шуда буданд. Дар ҷараёни кофтукоб аз манзили бисёре аз сокинон адабиёти тундгароӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин тир пайдо шудааст.
Пулис иттилоъ медиҳад, ки дар вилояти Ӯш ва Ҷалолобод 19 ҷинояти дорои хусусияти тиррористиву тундгароӣ ошкор шудааст.