Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон аз тахриби манораи 700-сола даст кашиданд


Моҳи декабр бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Ӯзбекистон ният доранд манораи 700-сола дар шаҳри Андиҷонро вайрон ва дар ҷояш фаввора созанд.

Ин хабар норизоятии таърихшиносон ва фаъолонро ба бор овард. Баъд аз нашри матлаб, ба Андиҷон комиссияи махсуси иборат аз мансабдорони мақомоти марбута ва коршиносон фиристода шуд.

Ба гуфтаи Абдусафий Раҳмонов, яке аз мансабдорони вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон, комиссияи ҳукуматӣ қарор кард, ки манора тахриб нашавад.

“Комисия аз тахриби манора пешгирӣ кард. Аъзои комисия бо сокинон мулоқот карда ва арзашонро шуниданд. Баъдан комиссия қарор кард, ки манора ҳифз карда шавад,” - гуфт Абдусафий Раҳмонов.

XS
SM
MD
LG