Ссылки доступа

Шӯрои Амнияти СММ озмоиши Куриёи Шимолиро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ озмоиши ядроии Куриёи Шимолиро ба шиддат маҳкум кард.

Ҷаласаи фаврии Шӯрои Амнияти СММ баъди эълони Пхенян дар мавриди озмоиши зеризаминии муваффақонаи бомбаи ҳидрогенӣ баргузор шуд. Аъзои шӯро ин амали Куриёи Шимолиро ба таври возеҳ вайрон кардани қатънома номида, гуфтанд, “озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ хатар эҷод мекунад”.

Шӯрои Амният эълон кард, ки қатъномаи нав эҷод карда алайҳи Куриёи Шимолӣ маҳдудиятҳои иловагӣ роҳандозӣ хоҳад кард. Ин чаҳорумин озмоиши ядроии ин кишвар аз соли 2006 ба ин тараф аст. Кохи сафеди ИМА гуфт, натиҷаҳои муқаддамоти нишон медиҳанд, ки озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ “муваффақона” анҷом нашудааст. Тавре котиби матбуотии ҳукумати ИМА Ҷон Эрнест гуфт, “ҳодисаҳои 24 соати ахир баҳои мо ба тавони ядроии Куриёи Шимолиро дигар накардааст”.

XS
SM
MD
LG