Ссылки доступа

Баҳрайн гуфт, аз ҳамла ва нақши Эрон дар он пешгирӣ кардааст


Мақомоти Баҳрайн гуфтанд, аз нақшаи ҳамла ба ҳудуди кишвар бо дасти афроди наздик ба Эрон пешгирӣ кардаанд.

Гуруҳе, ки эҳтимол аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва гуруҳи лубнонии “Ҳизбуллоҳ” пуштибонӣ мешаванд, тавре вазорати корҳои дохилии Баҳрайн мегӯяд, қасд доштанд “чанд таркиши марговарро” дар кишвар амалӣ кунанд.

Ин иттилоъ дар пасманзари бад шудани равобити Теҳрону Риёз баъди қатли шайхи машҳури шиа дар Арабистони Саудӣ, пайдо шуд. Арабистони Саудӣ баъди ҳамлаи эътирозгарон ба сафораташ дар Теҳрон, равобити дипломатиашро бо Эрон қатъ кард.

Чанд кишвари наздик ба Арабистони Саудӣ: Баҳрайн, Ҷибутӣ, Судон ва АМА равобити дипломатиро бо Эрон коҳиш доданд ва ё комилан қатъ карданд. Қатар ва Қувайт сафиронашонро аз Эрон бозхонданд, дар Урдун сафири Эрон барои тавзеҳи ҳаводиси ахир эҳзор шуд.

XS
SM
MD
LG