Ссылки доступа

Бонки Ҷаҳонӣ: Рушди иқтисодии Қирғизистон баробар ба 4,2% хоҳад шуд


Бонки Ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ пешбиниаш дар бораи иқтисоди ҷаҳониро бадтар кард.

Дар гузорише, ки рӯзи 6 январ бо номи "Дурнамои фаромиллии иқтисодӣ" нашр шуд, гуфта мешавад, ки рушди иқтисодӣ дар соли 2016 баробари 2,9% хоҳад буд. Ин нишондод 0,4% камтар аз пешбинии пештара, аммо 2,5% бештар аз пешбинии соли 2015 аст.

Дар Қирғизистон рушди иқтисодӣ баробари 4,2% дар соли 2016 ва дар соли оянда 3,4% мешавад.

Дар кишварҳои дигари Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар соли 2016 ва 2017 чунин ҳаҷми рушди иқтисод пешбинӣ мешавад: Арманистон - 2,2% ва 2,8%; Белорус - 0,5% камтар ва 1% бештар; дар Қазоқистон мутаносибан 1,1% ва 3,3%.

Суръати коҳиши рушди иқтисоди Русия ба пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ то 0,7 фоиз камтар мешавад. Дар соли гузашта ин нишондод баробари 3,8 фоиз буд. Азсаргии рушди иқтисодӣ дар Русияро бонк танҳо дар соли 2017 пешбинӣ мекунад.

Зимни ишора ба хатарҳои мавҷуда дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ боқӣ мондани раванди ташаннуҷи фаромиллӣ ва даргириҳо дар Украина ва Сурияро ном бурдаанд.

XS
SM
MD
LG